
Дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандон бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Маҷлисро муовини сардори Раёсат Абдумаликов Б.А. ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ баромад ва қайд намуд, ки «забон мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад.Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣқарор мегирад. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд, ки “Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон саъйю кӯшиши зиёд менамоянд”.




Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохӯрии намояндаи Раёсат бо донишҷўён ва омӯзгорон, дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он баромад намуд. Ҳамчунин бо мақсади бархурдор шудан аз олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба иштирокчиён дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҷӯиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ маълумот дода шуд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 23 августи соли 2018, таҳти №365 «Дар бораи пешбурди масъалаҳои ҳифз, парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолии захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд» аз тарафи нозирони давлатии шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат корбарӣ рафта истодааст.


