Дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20.03.2019, №21 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2019» аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва дигар дарёҳо, обанборҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ манъ карда шуд. Барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо ситод дар ҳайати 16 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ташкил ва корбарӣ намуда истодааст.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзаи Сирдарё аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист 52 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, 35 санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 7 адад мавод тартиб ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура супорида шуд. Дар натиҷа нисбати 4 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 1 нафар сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.



Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат бо ҳамроҳии шуъбаи таҳлилии Раёсат ва намояндагони идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 70 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.
Санаи 1 майи соли равон дар толори раёсат маҷлиси машваратӣ бо иштироки
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 24.04.2019 дар толори МИҲ
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ вазифадор аст ва тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилоотӣ экологӣ» дар соли равон маҷмўъи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, вохўриҳо, сўҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд. Мувофиқи нақшаи корӣ санаи 19.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон семинар бахшида ба 22 апрел - Рўзи байналмилалии Замин доир карда шуд. Дар семинар олимону устодон аз кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,


