Тибқи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 15.07.2019, № 16/10-33, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Сардори Раёсат Нӯмонзода Т. бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи кормандонро бо фарорасии ин санаи муҳими таърихӣ самимона муборак намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашанавда ва комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард.



Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар миқёси вилоят 
Ба истиқболи шоистаи ҷашни 28 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта истодааст. Бо ин мақсад санаи


