
Биёбоншавӣ – яке аз муаммоҳои замони муосир мебошад, ки дар зиёда аз 100 кишвари олам ба мушоҳида мерасад, яъне панҷяк ҳиссаи аҳолии рӯи замин бо ин муаммо рӯ ба рӯ аст. Бо назардошти ин мушкилот Маҷмаи умумии СММ соли 1994 дар бораи эълони Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар санаи 17 июн қарор қабул намуд. Дар худи ҳамин сол Конвенсияи СММ оид ба биёбоншавӣ қабул гардид. Аз кишварҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин рӯз (17 июн) оид ба баланд бардоштани иттилооти аҳолӣ дар мавриди зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ ва татбиқи Конвенсияи СММ доир ба мубориза бо биёбоншавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ғайр аз он, худи биёбонро ҳамчун экосистемаҳои муҳим ва ҳамчун макони тамаддуни қадимӣ муҳофизат кардан зарур аст.



Дар боғи фарҳангии навбунёди ноҳияи Мастчоҳ дар доираи баргузории чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ амалӣ гардид. Бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонаи фарҳанг, ташкилоту муассиса ва истиқоматкунандагони шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ, дар маҷмўъ беш аз 200 нафар, 100 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи кипарис ва 100 без гулбуттаи ороишӣ (юка), ки аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дастрас гардидааст шинонида шуд. Сабз ва зебогардонии боғи мзкур мархила ба мархила то рўзи ҷашн идома ёфта, дар оянда симои маркази ноҳияро дигаргун хоҳад намуд.
Баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати омодасозии ҳудуди шаҳру деҳот барои дар сатҳи шоиста истиқболу таҷлил намудани ҷашнҳои миллии давлатӣ дар
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 800 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбони И.Сомонӣ ва хиёбони Истиқлол ба масоҳати 3,2 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шуд. Дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот чунин чорабинӣ амалӣ гардида, дар мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Зарҳалол, Пошкент, Нофароҷ, Ҷавкандак ва Чорбоғ заминҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ нарм гардид. Ҳамзамон, корҳои тоза намудани қадди роҳи мазкур аз партовҳо, алафи бегонаи хушк ва сафед кардани зиёда аз 220 пояҳои дарахтон ба иҷро расид.


