Санҷиши фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ

Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.

Баргузории вохўрӣ бо донишҷўён дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Санаи 12.02.2020 мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ – омўзгории ноҳияи Ҷ.Расулов» баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохӯрӣ бо донишҷӯён, омўзгорони фанни экология ва умуман вобаста ба табиатшиносӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, ифлос гардидани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

Ошкор гардидани сӯзонидани партов дар партовгоҳ

    Тибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии ш.Хуҷанд» аз ҷониби нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сӯзонидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба ҳавои атмосфера ошкор гардид. Нисбати сардори корхонаи мазкур Раҳимов Ф. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 231 тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд фиристода шуд.

Корҳои биотехникӣ дар ш.Исфара

    Бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли сарди зимистон ва ҳифз намудани онҳо, тибқи нақшаи корӣ дарминтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаидавлатии хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар минтақаи мазкур 20 адад банди хошоки дағал ва 10 халта маводи хӯрокаи гуногун  пошида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.