Амалиётҳои фаврӣ дар н.Айнӣ

    Дар натиҷаи  гузаронидани  амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти н.Айнӣ дар деҳаи Хушекат маълум гардид, шаҳрванд Бобоҷонов Ҳақназар корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Нури  Дар-Дар»  Хушекат ҳангоми фаъолияти корӣ ба тозагии гирду атрофи нуктаи фурӯши сузишворӣ риоя накарда, қуттиҳои пластикӣ ва партовҳоро ба саҳни бино ва ҷуйбори обрави роҳи мошингард партофтааст, ки ин кирдораш бар хилофи талаботи Қонуни ҳифзи муҳити зист мебошад. Нисбати Бобоҷонов  Х. дар асоси моддахои 232, 177  протоколи хукуквайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аксияи «Тозагии роҳ» дар н.Ҷ.Расулов

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии дар пешистода, ҷиҳати тозаву обод намудани қадди роҳҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов имрӯз дар қадди роҳи Деҳмой- Б.Ғафуров  аксияи " Тозагии роҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи  мазкур зиёда аз 140 нафар ҳашарчиён - намояндагони муассисаи давлатии нақлиёти роҳи автомобилӣ, идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, ҶДММ «Ганҷи ҳилол» ва мактаббачагон иштирок  доштанд, ки дар натиҷа  3,4 км қадди роҳ аз партовҳо  тоза карда шуд.

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хучанд бо овезаҳои калонҳаҷм шаҳрвандонро ба беҳдошти муҳит даъват менамояд

     Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Гагарини шаҳр ду адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд. Мазмуни ин овезаҳо ба самти беҳдошти иқлим, тоза нигоҳ доштани табиат бо тасвири аксҳо таҳия гардида, ҳамзамон суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи табиат, аз ҷумла: “Мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”, навишта шудааст.

Аёдати собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи муҳити зист

    Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи рузи таъсисёбии кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  Ҳакимзода А.Қ. як қатор собиқадорони соҳа аёдат карда шуданд. Ба собиқадорон кумаки моддиву молиявӣ расонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.