
Бо мақсади ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ маҷлис бо иштироки кормандони бахш ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба арҷгузорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ сухан кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Соқиев С. ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» баромад намуд. Рафти маҷлис кормандони бахш ба саволҳои худ оид ба забон ва талаботҳои қонун ва Қоидаи имлои забони тоҷикӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.



Ҳар сол 4 октябр
Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа, ғолибони озмуни вилоятии «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба як катор рӯзноманигорон, ғолибони озмуни ҷумхуриявии «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» - Маъмури Юсуфзод