
Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Рафти семинар сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи САҲА М.Камарова, коршиносон С.Содиқова ва О. Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф» – Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И., намояндагони раёсати маориф, донишгоҳ ва донишкада, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вобаста ба татбиқ ва паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баромадҳо намуданд.



Санаи 12 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ , сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд. Муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ва сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2021 қайд карда шуд.
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва омӯзгори коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 