Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич

 Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 дар бораи барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд ноҳияи Деваштич ниҳолҳои сада ба миқдори 1000 бех шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор  гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳия ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда ба миқдори 50 ҳазор бех шинонида мешавад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан

 Баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд  аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист  дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалол шаҳраки Баҳористон 250 бех ниҳолҳои арчаи сановбар шинонида шуд. Ниҳолҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи биогумус шинонида шуда, дар дигар минтақаҳои шаҳр низ  амалӣ карда мешавад.

Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни ҷавонон

  Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» ҳангоми баргузории вохӯрӣ бо хонандагон гузаронида шуд. Дар пурсиши мазкур 34 нафар хонандагон, мардҳои синну соли аз 18 то 35 сола иштирок намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» идома ёфта, аз ҷониби ташкилоти мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корбарӣ карда шуд. Дар натиҷа 19 саволнома асосан дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида, дар пурсиш 12 зан ва 7 марди ҷавон иштирок кардаанд. Дар давоми соли чоруми иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ 53 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 12 зан ва 41 марди ҷавон фаро гирифта шуданд.

11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.