Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд. И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки дар соли 2025 тибқи нақша дар шаҳр бояд беш аз ҳашт ҳазор бех дарахт шинонида шавад ва бояд аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шавад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал (лесополоса), хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳҳо   дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон     Ғафурзода Р. ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ ниҳолҳои гуногун, ба монанди ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз 300 бех, бодом – 175 бех, каталпа – 100 бех,  қайроғоч – 100 бех, ҷигда – 125, ниҳоли олуча ва олучаи куҳӣ -  300 бех шинонида шуд.

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич

 Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич минтақаи Даҳанасой   корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаи беда ва коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.

Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон

  Санаи 17.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксияи мазкур соҳили баҳр аз партовҳо тозаву озода карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.