Б
о мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027, инчунин беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо ва бартараф кардани партовҳои бесоҳиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои кабудизоркунию ободонӣ гузаронида шуд. Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят баҳри омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ 8000 бех ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, ардач, кастона, акатсия, туяи шарқӣ, каталпа ва павлония харидорӣ шуда, то айни ҳол шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд бо 1100 бех, Исфара – 500 бех, Истиқлол – 350 бех, Истаравшан – 800 бех, Б.Ғафуров– 800 бех, Ҷ.Расулов – 200 бех, Спитамен – 300 бех ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо 300 бех ниҳол таъмин гардиданд ва ин амал идома дорад. Дар шаҳри Истиқлол чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр баргузор гардида, дар натиҷа 350 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара 300 бех ниҳоли намуди санавбар, 100 бех ардач ва 100 бех туяи шарқӣ шинонида шуд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ маъракаи шинонидани ниҳолҳо баргузор гардида истодааст.
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Б.Ғафуроваксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия доир ба бартараф намудани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб ташкил гардида, бо истифода аз техникаҳои махсус беш аз 30 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ интиқол дода шудааст.


