12 January 2026

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

   Дар айни ҳол муҳлати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба охир расида, бо мақсади натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ва чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҷаласаи ҷаъмбастӣ дар толори калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят гузаронида шуд. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд, раиси комиссия Ф.Қосимӣ ва бо иштироки сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Г., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сохторҳои аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар баробари бахшидани ҳусни ифтитоҳ ба ҷаласа муовини Раиси вилоят иштирокдоронро бо рӯзнома шинос карда қайд намуд, ки тибқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 декабри соли 2021, №558 тасдиқ гардидааст, ҷаласаи комиссия дар асоси нақшаи кори ҳарсола тасдиқшаванда, бояд дар як сол ду маротиба гузаронида шавад ва мутобиқи талабот ҷаласаи мазкур дуюм маротиба дар соли 2025 барпо гардида истодааст.

Читать далее

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027, инчунин беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо ва бартараф кардани партовҳои бесоҳиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои кабудизоркунию ободонӣ гузаронида шуд. Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят баҳри омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ 8000 бех ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, ардач, кастона, акатсия, туяи шарқӣ, каталпа ва павлония харидорӣ шуда, то айни ҳол шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд бо 1100 бех, Исфара – 500 бех, Истиқлол – 350 бех, Истаравшан – 800 бех, Б.Ғафуров– 800 бех, Ҷ.Расулов – 200 бех, Спитамен – 300 бех ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо 300 бех ниҳол таъмин гардиданд ва ин амал идома дорад. Дар шаҳри Истиқлол чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр баргузор гардида, дар натиҷа 350 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара 300 бех ниҳоли намуди санавбар, 100 бех ардач ва 100 бех туяи шарқӣ шинонида шуд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ маъракаи шинонидани ниҳолҳо баргузор гардида истодааст. 

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.