17 October 2025
Семинари ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ дар МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Экосистемаҳои Осиёи Марказӣ, аз кӯҳҳо то заминҳои лалмӣ, дар зери таҳдиди амалҳои ноустувори истифодаи замин ва таъсири афзояндаи иқлим қарор доранд. Соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намуди истифодабарии замин бо мушкилоти рӯзафзун, аз ҷумла шароити номусоиди обу ҳаво, обшавии пиряхҳо ва таназзули замин рӯбарӯ мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба ҳосилнокӣ, амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот халал мерасонанд. Манзараҳои муштараки фаромарзии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ниёз ба вокунишҳои ҳамоҳанг ва фаромарзӣ доранд. Дар ҷавоб ба ин мушкилотҳои муштарак, пешнависи лоиҳаи минтақавӣ оид ба «Манзараҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони миллии ин се кишвар таҳия карда шуд. Он ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидор ва татбиқи низомҳои ҳамгирошудаи истифодаи замин, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, равона шудааст. Дар ин замина, баргузории семинари ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдори миллии Фонди иқлими сабз дар кишвар ва ташккилоти GIZ бо мақсади таъмини ҳамгироии афзалиятҳои миллӣ ва воқеиятҳои маҳаллӣ дар банақшагирии лоиҳа пешбинӣ гардида, диққати асосӣ бахусус ба вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла водии Фарғонаи вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Хатлон, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошанд, равона шудааст.
«Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» бо дастгирии шарикони рушд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва мусоидати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории форум ин фароҳам овардани имконият барои аҳолӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва коҳиши хатарҳои обӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва амалии экологӣ мебошад. Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад.