«Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид

Бо мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир» бо дастгирии шарикони рушд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва мусоидати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории форум ин фароҳам овардани имконият барои аҳолӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва коҳиши хатарҳои обӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва амалии экологӣ мебошад. Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад.

  Дар форуми мазкур беш аз 260 нафар намояндагони ҳаракати экологии ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар минтақаҳои ҳавзаи дарёи Сир ҷойгир мебошанд, инчунин дастаҳои фаъоли «Нозирони сабз» аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок дошта, тибқи барнома бо машқҳои омӯзишию амалӣ машғул шудаанд. Ҳамзамон, иштирокчиён нақши ҷавононро дар ҳамкориҳои фаромарзӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор баррасӣ карда, дар анҷоми чорабинӣ аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз»нақшаҳои кории фаъолиятро барои солҳои 2025 – 2026 пешниҳод намуданд. Нақшаҳои мазкур самтҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва амалиро дар бар гирифта, инчунин ташаббусҳоро ҷиҳати густариши ҳаракати экологии ҷавонон дар минтақаҳои нав пешбинӣ мекунад. Форуми сеюми ҷавонон дар доираи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Консортсиуми Helvetas ва ACTED дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки ташкили чорабинии мазкур иҷрои яке аз талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буда, дар маҷмуъ баргузории «Форуми сеюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир»-ро як қаторшариконирушд, аз он ҷумлаСАҲА, БРСММ, ACTED-Stream, GIZ, BORDA ваКотиботибайналмилалииоб (ISW) дастгирӣ намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.