Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Деваштич, бахшида ба 15 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар толори маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот оид ба муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, захираҳои об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои вохӯрӣ ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ
Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин ид – пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани чомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои асосӣ дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Бояд зикр намуд, ки таҷлили Рўзи донишҳои экологӣ на танҳо барои шахсоне, ки бо омўзиши маърифатӣ экологӣ машғуланд мансуб аст, балки ба ҳамаи шаҳрвандон тааллуқ дорад.Дар ҷумҳурии мо ба масоили марбут ба маърифати экологии аҳолӣ диққати махсус дода мешавад ва дар бисёр суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Вохӯрии корӣ бо омӯзгорони раванди фаъолияти «Нозирони сабз» дар толори МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
Мутобиқи нақшаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори маҷлисгоҳи МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони аъзоёни раванди «Нозирони сабз» корбарӣ менамоянд вохӯрии кории иттилоотӣ барпо гардид. Чорабинӣ бо мақсади ҷамъоварии фикру ақида ва пешниҳоди омӯзгорон оид ба таҷрибаи кори онҳо бо «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ» ташкил гардида, минбаъд навсозӣ бо даровардани тағйироту илова ба роҳнамои таълимии мазкур пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии ин ташкилот вохӯрии корӣ баргузор гардид иштирок намуда, доир ба мавзӯъ фикру таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Амалиёти назоратӣ дар давоми чорабиниҳои манъи сайди моҳӣ дар ноҳияи Спитамен
Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 28.03.2025, №30 ва фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд аз 01.04.2025, №12 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2025», дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилоят аз 1 апрел то 15 июни соли 2025 ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Баҳри иҷрои фармоишҳои болозикр аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия дар минтақаи дарё Сир, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 450 метр тӯрҳои бесоҳиби моҳидорӣ аз дарё бароварда шуда, несту нобуд гардид. Ҳамзамон, бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои вайрон кардани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сайд ва фурӯши ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эълонҳо насб гардида, амрномаҳо ба нуқтаҳои пухтупази маҳсулоти моҳигӣ дода шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳаво -шиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи таҳлилӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, фаъолияти мақомотро каноатбахш арзёбӣ намуд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло зимни баромад ҷиҳати иҷро ва назорати Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, назорати ҳолати экологии партовгоҳҳо, беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод. Дар интиҳо барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони сарраёсат бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Page 2 of 310