Моҳи январи соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Исфара оиди нуктаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оиди ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототу ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.



Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,
Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят тибқи ҷадвали баргузории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии якҷояи Раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017 ва 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ санаи 14 январи соли равон дар «Боғи Ғалабаи» микроноҳияи 18-ум ва Боғи «Дӯстии халқҳо»-и микроноҳияи 32-уми шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 70 нафар иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ 



