Оиди иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кукнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расид. 
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.05.2017., №244 «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2017» бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №51 аз 07.06.2017 сол ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.
Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2017» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр науда истодааст.

						
						
						

Санаи 10 июли соли равон соати 9.00 дар бинои 
Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар



