Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин раванд аз тарафи шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба маъракаи кабудизоркунии тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 нақша чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Исфара ва Ҷ.Расулов ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда ба миқдори қариб 3 ҳазор адад ва гулҳои ороишиву мавсимӣ қариб 30 ҳазор адад шинонида шуданд. Гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.
Насби лавҳаи огоҳкунанда
Дар соли эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, баҳри ҳифз намудани ҳайвоноти нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд, ки ба Китоби Сурхи ҶТ дохил карда шудаанд, аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар минтақаи соҳили рости обанбори Баҳри Тоҷик дар доманакӯҳи Оқбел лавҳаи огоҳкунанда насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар минтақаи мазкур намудҳои ҳайвоноти нодир, ба монанди ғизол, сусмори хокистарранг, паррандаҳои дуғдоғ, ҷек, лойхӯраки дашти, тазарви сирдарё, кӯрмор, мори печони шарқӣ, мори гургдандони кундаланграх сукунат доранд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба нақша гирифтааст, ки чунин лавҳаҳоро дар дигар минтақаҳои вилоят низ насб намояд.
Семинар дар маркази бозомӯзии ш.Гулистон
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар маркази бозомӯзии ш.Гулистон аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон семинар бо иштироки кормандони хадамоти хоҷагии коммуналии шаҳр, раисони махаллаҳо ва кормандони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар рафти семинар кормандони бахш оид ба мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор ва масъалаи партовҳо баромадҳо шунида шуданд.
Аз тарафи иштирокчиёни семинар оиди ҷой доштани муаммоҳои экологӣ дар самти партов ва роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаи нигоҳдории лампаҳои аз истифодабаромада, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифату дониши экологии аҳолӣ изҳори ақида намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Вохӯрӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷ.Расулов
Баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, амалишавии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар ҷамоату шаҳракҳои ноҳияҳо мунтазам идома дорад.
Бо ин мақсад моҳи декабр дар ҷамоатҳои Сомониён, Деҳмой, Гулхона, Ҳаёти Нав, Ғулакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод вохӯрии намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов бо раисони ҷамоатҳо ва аҳолӣ доир гардид.
Насби лавҳаҳои экологӣ дар ш.Хуҷанд
Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти муҳити зист дар ҳудуди шаҳр, беҳбуд бахшидан ба корҳои ободонӣ, бартараф кардани партовҳо аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Page 268 of 310