Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.



Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон, санаи 22.01.2020 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд» вохўрӣ бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори литсейи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, корҳои аз ҷониби муассиса доир ба ҳифзи муҳити зист иҷро мегардида изҳори ақида намуд.
Б
Санаи 19 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Сада» дар назди Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо
Тибқи нақшаи корӣ, баҳри иҷроиши фармоиши сардори Раёсат


