Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , бо таври доимӣ тозаву обод нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳбудии муҳити зист бо иштироки кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷекат, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, дар соҳили Шаҳристонсой, деҳаҳо, минтақаи Хуррамдара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 120 нафар иштирок намуда, соҳили сой ва ҳудуди дехаҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, қариб 4 тн.партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии махал ва соҳил» дар истироҳатгоҳи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент
Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби табиӣ ва муҳити тозаву обод ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва бо иштироки беш аз 120 нафар аҳолии деҳаи Шинг аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия минтақаи мазкур ва соҳили кӯлҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 8 тн партовҳо ба партовгоҳи муваққатӣ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ
Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавои тоза ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 883 нафар аҳолии ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб, Зарафшон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйборҳо ба масофаи 3 км, каналҳо – 5 км ва сойҳо - 4 км аз партов тоза карда шуда, 8,4 тн партовҳо бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити солим ба истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ, иҷроиши супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.06.2020, № 61/722 дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 80 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ
Бо мақсади ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд корҳои ба расмият даровардани ҷойгиршавии ёдгории табиии давлатии «Тути Панҷшанбе» ба анҷом расонида шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби воситаҳои махсуси мақомоти ҳифзи муҳити зист атрофи дарахти тахминан 850 - 900 сола бо панҷараи декоративӣ иҳота гардида, бо истифодаи сангҳои ороишӣ ва чароғҳои ранга, ҳамчунин дар назди дарахт санги махсус бо муаррифиномаи тути сафед насб карда шуд.
Боиси қайд аст, ки тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда» номгӯи ин дарахти бебаҳои таърихӣ ба феҳристи ёдгориҳои табиии давлатӣ ворид гардидааст. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида, баҳри муаррифии ёдгории табиӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Page 202 of 312