Санаи 13 май дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон маҷлиси машваратии назди сардори Раёсат бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва сармутахассисони Раёсат, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур 4 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, аз он ҷумла баррасии натиҷаҳои санҷиши фаъолияти як шӯъба ва ду бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти чормоҳаи мақомот ва ҳолати ҳиссаҷудокунии 20% ба Кумита ва Раёсат, баррасии пешниҳоди прокурори вилоят «Дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ҳангоми иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист» аз 27 апрели соли равон, ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия».
Оиди масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешбинишуда, муовини сардор ва ҳуқуқшиноси Раёсат баромад карда, ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Минбаъд дар давоми музокира бо сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳо аз тарафи сардори Раёсат ҷиҳати таъмини пурраи нақшаи корӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти нимсолаи аввал вазифагузориҳо карда шуд.