Санаи 10 марти соли равон ба ифтихори 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии Об дар КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ - амалии вилоятии «Об сарвати бебаҳои табиат» баргузор гардид.
Дар конфронс дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси ДДҲБСТ, сармуҳандиси КВДК ХМК дар вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии вилоят, муовини директори КВДК «Хуҷандобуканал»-и ш.Хуҷанд, устодони кафедраи географияи иқтисодии факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони дафтари САҲА дар ш.Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», донишҷӯён, намояндагони васоити ахбори умум ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, дар маҷмӯъ 68 нафар иштирок доштанд.
Дар рафти кори семинар оиди сарватҳои обии вилоят ва проблемаҳои экологии он, беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар вилоят, обҳои дохилаи Тоҷикистон ва оқилона истифодабарии захираҳои об, манбаъҳои асосии обёрии вилоят ва таъминоти оби полезӣ, сифати оби нӯшокӣ, иштироки ҷавонон дар ҳифз ва нигаҳдории захираҳои об, ҷамъбасти марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи беҳтаргардонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд баромадҳо шунида шуд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ чунин чорабиниҳоро доир намояд.