Миркамолов Темурҷон Нўмонҷонович 1.03.1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 2000-ум, баъд аз хатми мтму №26 ба Академияи муосири гуманитарии шаҳри Маскави Федаратсияи Россия дар ш.Хуҷанд дохил шуда, онро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ соли 2004 фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун мудири фермаи зотпарварии КИ «Деҳмой» ва баъдан аз соли 2009 ҳамчун раиси раёсати кооперативи истеҳсолї кору фаъолият намудааст.
Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолияти меҳнатиашро моҳи майи соли 2013 дар мансаби сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд оғоз карда, дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.01.2016, №13-ХШ ба мансаби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таъин гардидааст. Инчунин, Миркамолов Т.Н. хатмкунандаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссия буда, аз соли 2014 дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров, факултаи «геоэкология», ихтисоси «экологияи умумӣ» таҳсилро давом дода истодааст.
Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби се фарзанд.