Семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст»

24 феврали соли равон дар маркази таҳсилоти иловагии  ш.Истаравшан семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи ватан аст» бо мушовирон ва роҳбарони маҳфилҳои табиатдӯстон доир гардид. Дар он намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Масчоҳ, Ғончӣ, Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар семинар татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома ва амалӣ намудани дастурҳои методӣ дар фаъолияти шӯъбаҳои «Табиатдӯстон»   мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.

Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ

Санаҳои 20-21 феврали соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Дар оназ тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 879 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, дар  ярмарка –794,2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаи гуногуни хушсифат, 35,0 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкани пурқимат ва 50 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Дар рафти гузаронидани ярмарка аз тарафи олимону мутахассисони соҳавӣ оиди шинонидани ниҳолҳову дарахтон вобаста ба шароити маҳал ба харидорон тавсияю пешниҳодҳои мушаххас дода шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Баҳри иҷрои Карори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон санаҳои 6 ва 13 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев назди  дарёи Сир аз назди пойгоҳи  обкаши Ёва- Арал то назди бинои КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.  

Дар чорабинӣ кормандони мағозаи “Файзи Расул”, сокинони маҳалла, кормандони КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳр иштирок намуданд.          

Дар рафти аксия 2000 метр назди соҳили дарёи Сир аз партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ тоза карда шуда, аз тарафи кормандони муассисаи партовкашони шаҳр зиёда аз 15 м.3 партовҳо бароварда  шуд.

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 20 феврал дар минтақаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки  зиёда аз 360  нафар кормандони кӯдакистони Президентӣ, лицейи политехникӣ, Маркази дилшиносии вилоят, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, махалаи 1 май аксия  гузаронида шуд.

Дар рафти аксия ба миқдори 20 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.