Ошкор намудани сайди ғайриқонунии моҳӣ

 Ҳангоми аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронидани санҷиши фаъолияти моҳидории ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон муайян гардид, ки моҳидори ҷамъияти мазкур Мамадҷонов Мурод, сокини ҷамоати деҳоти Маҳрами шаҳри Конибодом, сайди моҳиро бо тўрҳои майдаи ба талабот номувофиқ гузаронида, дар натиҷа 244 сар моҳии ғайриченак сайд кардааст. Нисбати моҳидор Мамадҷонов М. маводи зарурӣ, аз ҷумла ҳисоби маблағи ба табиат расонидашуда, хулосаи ихтиологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тартиб ёфта, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда барои чораандешӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол мегардад. Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии шабонарўзии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ва атрофи он, дар минтақаи Маҳрам ҳодисаи хариду фурўши 965 сар моҳии навсайдшуда ошкор гардид, ки ин моҳӣ низ ғайриченак буда, бидуни талабот сайд карда шудааст.

  Бо кирдори мазкур сокини ҷамоати деҳоти Кучкаки шаҳри Конибодом Ҳусейнова М.М. машғул шуда, нисбати ў тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда маводи зарурӣ тартиб ва ба мақомоти қудратӣ ҷиҳати чораандешӣ пешниҳод карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.