Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Бахшида ба 5 июн Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар назди театри мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ чорабинии калони идона баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони дигар сохторҳо ва аҳолӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ  табрикоти Раиси вилоятро  қироат намуда зикр кард, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа  яке аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар вилоят дар доираи 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои басо муҳиму наҷиб ба сомон расонида шуда истодааст ва идома дорад, зеро асоси ҳама пешравиҳо ба тозаву обод нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо, вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ  вобастагии калон дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иди касбӣ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро табрику таҳният намуда, қайд кард, ки ҳар як сокини кишвар бояд перомуни масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамзистии инсон бо табиат андеша намуда, барои тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода оиди дастовардҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар тӯли фаъолияти он  сухан намуд.  

Сипас аз ҷониби муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба фаъолони соҳа сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсат супорида шуд.

    Консерти идона бо иштироки ҳофизони варзидаи санъати  тоҷик Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов идомабахши чорабинии идона гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.