Силсилаи чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо бахшида ба  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  доир гардид.  Бо  мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол  аксияҳои экологии  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» бо иштироки 300 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, хонандагони мактабҳо  гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияҳо  ҳудуди шаҳр, кӯчаҳои марказӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза  карда шуд.

Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаҳои марказии шаҳр бо кормандони шуъбаи милитсияи экологии РВКД ЧТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр    ирсол гардид.       

Ҳамчунин дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дарси экология барои хонандагони синфи 9 пурра ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бахшида шуда, хонандагон доир ба ҳифзи муҳити зист, муҳофизат намудани олами набототу ҳайвонот, муаммоҳои экологии минтақа ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози ақида намуда, бо Китоби Сурхи Ҷумҳурии   Тоҷикистон  шиносоӣ  пайдо намуданд.

Ҳамзамон, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 семинар - вохӯрӣ бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол, намояндаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи гражданӣ, аъзоёни комиссияи байниидоравии маърифати экологӣ баргузор гардид.  Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол дар бораи   «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, дигар масъалаҳои марбут ба муаммоҳои экологӣ маълумот дод. Дар рафти семинар  омӯзгорон ва хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба муассисаҳои таълимие, ки дар чорабиниҳои экологӣ фаъолона иштирок менамоянд, сипосномаву тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.  

Ғозиев Аҳадхон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол

Скачано с веб-сайта JooMix.org.