Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи Соли нави мелодии 2022 сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва Раиси Шӯрои собиқадорони соҳа Султонов А.А. як қатор собиқадорони соҳаро, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд – Абдувалиев А.Қ., Қӯзиев Т., Ҳакимхӯҷаева Ф.-ро аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Санаи 29 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори сарраёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 шунида шуд. Сардори сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Ҷиҳати иҷроиши фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Томчисой, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби мактаббачагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 26, 11 , аҳолии ҷамоати деҳот, бо иштироки 100 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сой аз партовҳои ҳархела тоза ва 3 метри мукааб партов бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия 350 нафар хонандагони литсейи касбӣ-политехникӣ, литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд ва колеҷи тиббӣ иштирок намуда, канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм аз ҳамагуна партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Гузаронидани чунин шанбегиву аксияҳои тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақахои шаҳри Хуҷанд мунтазам амалӣ гардида истодааст.
Конференсияи илмӣ - амалии «Табиат сахтгиру тундгир аст» дар ноҳияи Масчоҳ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии Масчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ иштирок доштанд.
Страница 118 из 311