Баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, амалишавии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар ҷамоату шаҳракҳои ноҳияҳо мунтазам идома дорад.
Бо ин мақсад моҳи декабр дар ҷамоатҳои Сомониён, Деҳмой, Гулхона, Ҳаёти Нав, Ғулакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод вохӯрии намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов бо раисони ҷамоатҳо ва аҳолӣ доир гардид.



Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст.
иҳати натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2018, санаи 19 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони чунин комиссия дар маҳал, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Мувофиқи рўзнома як масъала – оид ба фаъолияти комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳамчун котиби комиссияи вилоятӣ шунида шуд.
Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф,
Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ


