Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара баҳри дар амал татбиқ намудани фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 зарурӣ андешида шуда истодааст. Кормандони бахш якҷоя бо кормандони соҳаи тандурустӣ, аз он чумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ корҳои тамизгардонии роҳи марказӣ, кўчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, ҳамчунин нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро гузарониданд. Чунин чораҷўиҳо дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот низ гузаронида шуда истодааст.



Дар ноҳияи Ҷ.Расулов бахшида ба Иди Саиди Фитр ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ, аз ҷумла аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки 1250 нафар сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар рафти ҳашар як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани роҳҳо аз партов, тоза кардани гулгаштҳои байн ва қадди роҳ аз алафҳои бегона, рўбучини минтақаҳои назди идораву коргоҳҳо, муассисаҳо, сафед кардани хатҳои роҳтақсимкунӣ ва дигар корҳои ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои ноҳия ба сомон расид. 





