Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вусъати тоза касб кардааст. Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол чунин ҳашари дастҷамъона гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.



Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рузи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ
Баҳри иҷроиши нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳия бо истифодаи 2 адад техника роҳи асосӣ
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи корӣ мунтазам, ҷиҳати муайян намудани сатҳи радиатсонӣ дар партовгоҳхои радиофаъол, ченкунии гамма - афканишоти радионуклидҳои табииро мегузаронад. Аз он ҷумла, дар давоми соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд - 11 нуқта, Бўстон - 6 нуқта, Истиқлол - 11 нуқта ва ноҳияи Б.Ғафуров дар 11 нуқта мониторинги гамма – афканишоти радионуклидҳои табиӣ гузаронида шуд, ки сатҳи он аз меъёри муқарраргардида зиёд ба қайд нарасид. 


