Март 2021

02 Март 2021

Тарғиби Паём дар муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади ташвиқи Паёминавбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист сараввал оиди нуктаҳои асосии дар Паём омада суханронӣ намуда, сипас ба хонандагон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, иштироки ҷавонон дар шанбегиҳо, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.

Читать далее

Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №3, 9 ва 17 шаҳри Конибодом

  Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист тибқи нақшаи корӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бо муассисаҳои таълимӣ зич ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад бо иқдоми кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 3,9 ва 17 шаҳр вохӯрӣ бо мактаббачагон доир гардид. Кормандони бахш зимни вохӯрӣ самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида, оид ба баланд бардоштани тарбияи экологии насли наврас, муаммоҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи муҳити зист, ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳбудӣ ва ободии кишварамон ибрози ақида намуданд. Дар навбати худ хонандагон аз баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

Читать далее

01 Март 2021

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, барои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи Д.Самадови ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 26 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, дар натиҷа маълум гардид, ки аз тарафи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатӣ вайрон нашудааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати тозаву озода намудани муҳити атроф, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мунтазам ҳашарҳову корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодааст. Дирӯз бо иштироки фаъолони Кумитаи маҳаллаи «Навбаҳор», донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва техникии № 44, кормандони беморхонаи касалиҳои чашм, хонандагони муассисаи таълимии № 27 - ҳамагӣ 350 нафар дар кӯчаи “15 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Ба иштирокчиёни аксия аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд 200 адад халта барои партов ва 200 –адад дастпӯшакҳо тақсим карда шуда, дар натиҷа 8,7м³ партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

   Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ,ташвиқу тарғиби маърифати экологӣ байни аҳолӣ, дар селроҳаи Исфанасой-воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид. Аксия бо ҷалби 25 нафар ҳашарчиён ва 5 адад техника гузаронида шуда, дар натиҷа 8 м3 партовҳои ҳархела бароварда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.