Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

  Санаҳои 19 - 20 ноябри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣоидбатаҳкимимеханизмҳоитатбиқи муқарраротиКонвенсияиОрхус баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, намояндагони дигар ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин аз вилояти Суғд сармутахассиси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинардар бораи қоидаҳо ва принсипҳоиКонвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣинъикос шуда, ҳамзамон презентатсияҳоиМарказҳои Орхус дар бораи фаъолияти худ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, ҳамчунин дар гурӯҳҳоихурд корбарӣ карда шуд.

  Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур ба устувор гардидани Марказҳои Орхус бахшида шуда, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» саҳми назаррас дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.