Семинар доир ба «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025»

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи  Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Рафти семинар сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г.,  намояндаи САҲА М.Камарова, коршиносон С.Содиқова ва О. Шарипова,  роҳбари  Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф» – Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И., намояндагони  раёсати маориф, донишгоҳ ва донишкада, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вобаста ба  татбиқ ва паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баромадҳо намуданд.

Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо раёсату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Барномаи мазкур  амалӣ гардида, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://www.ecosugd.tj/en/news/983-seminarparlament102021.html#sigProGalleriab741386d94
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.