Омодагии обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд

 Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо иштироки кормандони корхонаи ободонии хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд корҳои омодагии обутобгоҳи соҳили чапи дарёи Сир ба мавсими тобистонаи соли равон гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, ҳамчунин нақлиётҳои партовкашони муассисаи махсуси шаҳр ҷалб гардид. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тоза намудани ҳудуди обутобгоҳ аз алафҳои бегона ва партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ва рўбучин кадани роҳравҳо беш аз 11 метри мукааб партовҳо бароварда шуд. Ҳамзамон, ҷўякҳои зери гулҳои мавсимӣ ба тартиб оварда шуда, тоза намудани ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар таҷҳизотҳои ба истироҳаткунандагон зарур амалӣ гардид.

 Пас аз ба анҷом расидани корҳои пешбинигардида, ба кормандони корхонаи ободонии хоҷагиии манзилию коммуналӣ аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус СOVID-19, ниқоб, дастпўшаки резинӣ, маводи антисептикӣ ва варақаи иттилоотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ тақдим карда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://www.ecosugd.tj/en/news/572-tayorijoiobutobkuni062020.html#sigProGalleria34584b194d
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.