Иҷрои фармоиш таҳти назорат

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдориизахираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва шароити мусоид фароҳамовардан  ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18аз 31.03. соли 2020, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар миқёси вилоят сайди моҳӣ манъ гардидааст. Вобаста ба иҷрои фармони мазкур ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияхо корҳои муайян  амалӣ гардида истодааст.

   Дирӯз аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан дар бозори марказии шаҳр  варақаҳои иттилоотӣ  насб карда шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва ба масъулоне, ки  бо хариду фурӯш  ва пухтупази моҳӣ машғуланд,  амрномаҳо дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.