Т
ибқи дастурамали «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»дар 5 муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон дарсҳо ва машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар яке аз онҳо сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва намояндаи масъули Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», ки ташкилкунандагони таҳияи дастурамали болозикр мебошанд, иштирок намуданд. Дар толор барои машғулиятҳои мусиқии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди экологӣ бо забони русӣ таҳти унвони «Берегите природу» бо иштироки наврасони гурӯҳи омодагӣ баргузор гардид. Рафти дарси кушод бахшида ба самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, роҳ надодан ба ифлосшавии оби дарё, ҳифзи ҷангал, ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо ва ғайра машғулиятҳои иттилоотӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби мураббӣ – эколог гузаронида шуд. Бо хоҳиши мудири кӯдакистон аз тарафи сармутахассиси сарраёсат дар бораи ҳадафи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намудҳои нодир аз олами набототу ҳайвонот барои наврасон гуфта шуд. Ҳамчунин, барои минбаъд рушд ёфтани корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо, расонидани кӯмак дар баргузории дарсҳои экологӣ ва ба даст овардани аёниятҳои зарурӣ дар нақшаи наздик пешбинӣ гардид.
Дарси кушоди экологӣ дар муассисаи томактабии шаҳри Хуҷанд
Add comment


