М
оҳи марти соли 2025, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амал дар майдони 1 га «Ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара» ташкил шуда буд. Дар ниҳолхона ғунҷоиши умумии кӯчати ниҳолҳо 28500 бехро ташкил карда, дар айни ҳол 12 намуди ниҳолҳо, аз он ҷумла санавбар, ардач, туяи шарқӣ, акатсия, чинор, кастона, каталпаи зебо, булут, бирючинаи ҳамешасабз, павлония, сирени ҳиндӣ ва қаламчаи сафедор, ҳамагӣ ба миқдори 28000 бех парвариш ёфта истодааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қ. ва раиси шаҳри Исфара Ҷумъазода Ш. аз ҳолати ниҳолхона – парваришгоҳ дидан намуданд. Ҳангоми дидани ниҳолхона аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара Ҳомидов Н. ба ташрифовардагон дар бораи корҳои ба анҷом расонида, ҳолати ниҳолҳои парвариш ёфтаистода ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба ниҳолшинонӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дидан намудани муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. аз ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара
Add comment


