Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба ҳифзи ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом

  Давоми солҳои 2022 - 2023 дар шаҳри Конибодом, минтақаи болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери хатар қарордоштаи минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» амалӣ гардонида шуд, ки дар доираи татбиқи он намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар дар шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, шуъбаи маорифи шаҳр, се ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, Патар ва Пӯлотони бо минтақа ҳамсарҳад, Филиали Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҶумҳурииТоҷикистон дар вилоят ва дар шаҳри Конибодом, намояндаи «Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н.Павловский»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоят, олимон ва коршиносон корбарӣ намуданд.

  Дар минтақаи татбиқи лоиҳа мизи мудаввари ҷамъбастӣ ташкил гардида, дар рафти он ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ки дар татбиқи лоиҳа саҳми худро гузоштаанд оид ба натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида, муаммоҳои ҷойдошта ва нисбати амалҳои барои боз ҳам беҳтар кардани ҳолати экологии минтақаи мазкур изҳори ақида намуданд. Вохӯрии ҷамъбастии гурӯҳи корӣ бо мақсади таҳияи нақшаҳои минбаъдаи рушди минтақаи татбиқи лоиҳа ва дар оянда муайян намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом гузаронида шуда, ҷиҳати нигоҳ доштани ин экосистемаи муҳим мусоидат мекунад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.