Ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар муассисаҳои таълимӣ

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва амалигардонии «Барномаи  давлатии маҷмӯии  рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», дар Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят бо иштироки хонандагон ва омўзгорони роҳбарони маҳфилҳои гулпарварию экология мизи мудаввари иттилоотӣ таҳти унвони «Пиряхҳо - манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ баъд аз сухани ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят сармутахассиси сарраёсат, докторанти ихтисоси географияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мудири шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба иштирокдорон баромаду презентатсияҳо доир ба «Аҳамияти пиряхҳо барои табиат ва ҳаёту фаъолияти инсон», «Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат», «Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат» ва «Ҷабҳаҳои геоэкологии ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бо намоиши ролики иттилоотӣ пешниҳод карда, ҳамзамон бо мақсади мустаҳкам гардидани дониши экологии хонандагон дар мавзўи вобаста ба пиряхҳо ва захираҳои об саволу ҷавоб ба амал омад.

   Дар интиҳо ба роҳбарони маҳфилҳои ҳифзи табиати Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон,китоби дастурӣ «Роҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ», китобчаи «Барномаи давлатии маҷмӯии  рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», тақвим бо парандаи соли 2023, инчунин ба омўзгорону хонандагон рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» барои гирифтани маълумот ва баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.