Мизи мудаввар дар доираи амалисозии Барномаи давлатии соҳавӣ дар шаҳри Истиқлол

  Дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои минбаъд таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Истиқлол бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони асосан соҳаи маориф, аз он ҷумла шуъба ва дирек-торони мактаб, омўзгорони фанни экология, биология, забони давлатӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии вобаста ба таъминоти шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ иштирок намуданд.  Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», ҳамчунин дар мавзӯи «Истиқлол: дирўз, имрўз ва фардо – муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷиҳати экологӣ» баромаду призентатсияҳо пешкаш гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.