Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.
Санаи 20 феврал дар минтақаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 360 нафар кормандони кӯдакистони Президентӣ, лицейи политехникӣ, Маркази дилшиносии вилоят, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, махалаи 1 май аксия гузаронида шуд.
Дар рафти аксия ба миқдори 20 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бо нақлиётҳои махсуси партовкашони КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ бароварда шуд.



Санаи 12 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат дар асоси фармоиши сардор, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои банди 8-уми қарори ҷаласаи Раёсат аз 05.01.2016, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо, семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, аз ҷумла мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Мувофиқи барнома пеш аз баромадҳои омӯзишӣ, намоянда аз КИ ҲХДТ шаҳри Хуҷанд, устоди Донишгоҳи иқтисод ва савдо Азимов А. оид бануқтаҳо аз 
Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178