Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки Абдураҳим Азимов, дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.к. ва кормандони Раёсат доир гардид.
Азимов А. дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва эъмори давлати соҳибистиқлол” баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ваҳдатофар шинохта шудааст. Ҳамчунин, мавсуф дар бораи аҳамияти Рӯзи Президент ҳарф зада, таъкид намуд, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда донистан ва қадр кардани хизматҳои содиқонаи Президенти мамлакат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зарур аст, зеро Роҳбари хирадманди мо тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ бароварда, миллатро аз нобудшавӣ наҷот бахшад.