Чорабиниҳои махсуси захираҳои моҳӣ оғоз гардид.

 Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят,  фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №27 аз 13.03.2018 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 15 март то 31 майи соли 2018 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони қонунӣ  ва воқеӣ  манъ карда шудааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59

Вохӯрӣ дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

       Санаи 14 марти соли равон дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи Б.Ғафурови ш.Хуҷанд  вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори коллеҷ аз тарафи намояндаи Раёсат  оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин барои донишомӯзони ихтисосҳои биология ва тарбияи экологӣ бо мақсади бархурдор шудан аз олами  набототу ҳайвоноти нодири кишварамон  ва омӯхтани ҷабҳаҳои ҳаматарафаи ин олами нодир ватанамон ду ҷилд “Китоби Сурхи” Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотномаҳои  иттилоотӣ ва буклетҳо  тақдим карда шуд.

Вохӯрии донишҷўён дар Раёсат

     Санаи 7 март дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо донишҷуёни курси 3-и ихтисоси биология, география ва экологияи факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист вохӯрӣ доир гардид. Намояндаи Раёсат дар бораи сохтор ва фаъолияти мақомот, муаммоҳои экологии вилоят, дар бораи зарурати қабул ва мақсаду вазифаҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва дигар масъалаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист маълумоти муфассал дод. Дар рафти вохурӣ донишҷӯён дар доираи мавзуъҳои баррасигардида ва дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Вохӯрӣ бо маорифчиёни н.Ҷ.Расулов

Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 6 марти соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Расулов вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо, омӯзгорони фанни биология, экология ва коргарони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд. Ба иштироккунандагон  маълумот оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ пешниҳод гардида, ба саволҳои додашуда посух дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.