Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист доир гардид. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» бо иштироки 300 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, хонандагони мактабҳо гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияҳо ҳудуди шаҳр, кӯчаҳои марказӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд.
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаҳои марказии шаҳр бо кормандони шуъбаи милитсияи экологии РВКД ЧТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.