С
анаи 4 январи соли 2020 бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои нав барои шуъбаи мазкур баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки дар давоми семоҳаи чоруми соли 2019 бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бекорхобида дар ҳудуди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар маҷмуъ 6 утоқи кории бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида омода карда шуд. Ҳамчунин, ҳангоми ба амал омадани ҳолати муайяни хизматӣ ҷиҳати корбарии шабонарўзӣ барои ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ ҷойи алоҳидаи таҷҳизонидашуда ташкил гардидааст.
Дар чорабинии кушодашавии бино сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Назарзода Қ. ва сардори ШВКД дар шаҳри Хучанд иштирок намуда, баъд аз дидан кардани утоқҳои корӣ ва ҳудуди бино оид ба ҳамкории минбаъдаи якҷояи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи милитсияи экологӣ сухан карда шуд.



Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ - ин гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Соли гузашта бо дастгирии
Санаи 2
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи декабр, тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад амалӣ ва ҳолати ҳавои атмосфера, инчунин дараҷаи радиатсия дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида шуд. Дар ҷамоати дењоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, мавзеъи Янги – Қўрғон, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, дар масофаи аз 500 м то 2 км дур намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардида, натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида, нишондоди ташхиси фулузоти вазнин аз меъёр зиёд мушоҳида карда нашуд.