Вохӯрӣ дар шаҳри Гулистон

Санаи 13.02.2019 баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон вохӯрии сармутахассиси раёсат бо намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳрак ва раисони кумитаҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист баромад карда шуд. Ҳангоми ба амал омадани саволу ҷавоб аз тарафи омӯзгори мактаби ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва худи раиси ҷамоат оид ба набудани китоби дарсӣ аз фанни экология ва умуман норасогии китобҳои дарсӣ аз дигар фанҳо бо забони русӣ, аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба насби лавҳаҳои огоҳикунанда ҷиҳати партофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар саволҳо дода шуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Вохӯрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Зафаробод

Санаи 5.02.2019 тибқи нақшаи пешбинигардида ва баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар МТМУ №22 ноҳияи Зафаробод вохӯрии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои гуногуни экологӣ баромад карда шуд.

Вохӯрии экологон бо маорифчиёни ш.Хуҷанд

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Саидов Х. назди ҳозирин доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Роҳбари Давлат вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, соҳаи ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои гуногуни экологӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки “Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Атестатсияи моҳигирон

Дар асоси қарори Шӯрои илмӣ-истеҳсолии назди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатнокии моҳигирон дар самти ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё санаҳои 29-30 январи соли 2019 дар толори корхонаи воҳиди давлатии ёрирасони моҳипарварии Гулистон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Моҳии тоҷик» атестатсияи моҳигирони ин ду хоҷагии моҳидории вилоят гузаронида шуд. Ҳайати комиссияи атестатсионӣ аз намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, чамъияти шикорчиён ва моҳигирон, рохбарон ва мутахассисони хочагихои мохипарвари таъсис дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.