Маълумот оиди шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси талаботи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабул кардаи Президенти кишвару Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2018 № 95 тасдиқ карда шудааст, инчунин Низомнома  фаъолият мебарад.

Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, барои амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии мухофизат, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, инчунин ташкили назорати давлатии риояи меъёрҳои муайян кардаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт масъулиятдор мебошад.

    Шуъба вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, санитарию эпидемологӣ, карантинӣ, дигар мақомотҳои ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода, барқароркунии объектҳои олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин сохторҳои зертобеъи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  ба иҷро мерасонад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.