24 August 2026

Аксияҳои экологии «Тозагии маҳал ва роҳ» дар ноҳияи Б.Ғафуров

   Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Ёва, Ғозиён, ҷамоати деҳотҳои Чашмасор ва Д.Холматов, ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров,  ҷамоати деҳотҳои Хистеварз ва Овчиқалъача,  шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт - Б.Ғафуров бо иштироки фаъолонаи аҳолии ҷамоати деҳотҳо ва шаҳракҳо, кормандони корхонаву ташкилотҳо аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Ҷараёни аксия иштирокчиён гирду атрофи шафати роҳҳои асосӣ, ҳудуди маҳаллаҳоро аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза намуда, партовҳои ҷамъшуда тавассути техникаҳо ба партовгоҳ ингтиқол дода шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия идома дорад.

Читать далее

Истаравшан: шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид

   Баҳри иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ 22 августи соли 2026 дар шаҳри Истаравшан шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 1000 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо, беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ, кормандони соҳаи маориф, маҳаллаҳо ва нуқтаҳои савдо фаъолона иштирок  намуданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди 10 ҷамоати деҳот ва шоҳроҳ сокинон аксияи "Тозагии маҳал" баргузор намуда, канори роҳҳо, ҷуйборҳо, каналу обравҳо, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки ҳафтаҳои минбаъда низ чунин корҳои тозагиву ободониро ташкил ва баргузор намояд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва  «Тозагии соҳил»  бомаром идома дорад. Ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ рўзҳои истироҳат  дар шаҳри Хуҷанд аксияҳои  «Тозагии соҳил» ва  «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд.  Дар  аксияҳо зиёда аз 700 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои тиббӣ фаъолона иштирок намуда, 2000 метр соҳили дарё , 3000 метр ҳудуди  шоҳроҳ ва ҷуйборҳо аз партовҳои гуногуни маишӣ тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳри 15 м3  партовҳо интиқол дода шуд.

Читать далее

Тозакунии дарёи Сир аз қамиш

  Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва санитарии муҳити зист, ободонӣ ва зебо гардонидани мавзеъҳои соҳили дарёи Сир, таъмини шароити мусоиди истироҳат ва фароҳам овардани муҳити солими зист, корҳои ободониву созандагӣ ва тозакунии соҳили дарёи Сир вусъат дода шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Идораи хоҷагии об ва беҳдошти замини вилоят корҳои тозакунии соҳили дарёи Сир аз қамишзор, растаниҳои худрӯй ва алафҳои бегона ба роҳ монда шуданд. Дар доираи корҳои анҷомдодашуда қитъаҳои соҳили дарёи Сир,  оғоз аз Маркази бемориҳои дил то тарабхонаи «Темурмалик» ва инчунин соҳили рост аз тарабхонаи «Парламент» то купруки  куҳна  аз қамишзор ва растаниҳои худрӯй тоза карда шуда истодааст. Дар рафти корҳои тозакунӣ аз техника ва дастгоҳҳои махсус истифода гардида, қамишҳои зич ва растаниҳои зиёдатӣ бурида ва аз ҳудуди соҳил бароварда  мешаванд. Татбиқи чунин тадбирҳо барои беҳтар гардидани ҳолати экологии соҳили дарёи Сир, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, нигоҳдории захираҳои обӣ, инчунин барои ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва пешгирии пайдоиши ҷойҳои ғайриқонунии партофтани партовҳо мусоидат менамояд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.