04 December 2025

Чил (кабки зирак) парандаи соли 2026

  Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки тариқи овозди -ҳии пинҳонӣ сурат гирифт, аз 10 номинатсияи парандагони пешни-ҳодшуда бо овозҳои бештар Чил (кабки биёбонӣ ё кабки зирак) парандаи соли 2026 интихоб гардид. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон дар  бораи парандаи Чил чунин маълумот дода шудааст: Чил ба қатори Мурғшаклон – Galliformes ва оилаи Тазарвҳо – Phasianidae дохил мешавад. Ба он ҳамчун намуди осебпазир мақом дода шуда, ба рӯйхати сурхи ИБҲТ (LC) ворид карда шудааст. Чил ё кабки биёбонӣ дар қисмати ҷанубӣ­ ғарбии Тоҷикистон паҳн гардида, дар пасткӯҳҳои Бобокӯҳ, Сафедкӯҳ, Рангонтов, Қаратови Панҷ, доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шохаҳои ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз маскан мегирад. Сарҳади шимолии паҳншавии намуд аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Муҳити писандидаи зисти намуди кабки зирак пасткӯҳҳои дорои растаниҳои сираки пистаю бодом, теппаҳои регӣ, харсангҳои на он қадар калон, биёбонҳо ва нимбиёбонҳо ба шумор мераванд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.